» » » Масъалаҳои умдатарини рӯз


Масъалаҳои умдатарини рӯз


Дар Ӯзбекистон мавсими ғунучини пахта сар мешавад. Ташкилоти байналмилали Меҳнат барои аз назорат гузаронидани ин ҷараён дар Ӯзбекистон 400 нафар вакилони худро ба ҷумҳурии мо мефиристад. Дар ҷамъомади видеоселектрие, ки чанде пеш гузаронида шуд Президенти мамлакатамон оиди ҷалб карда нашудани ходимони ташкилотҳои буҷавиро ба мавсими ғунучини пахта таъкид намуданд.

 

Роҳбари сарсадорати Бандии аҳолии вилояти Самарқанд Аслиддин Усмонов ва прокурори шӯъбаи назорати иҷрои қонунии иҷтимоии прокуратураи вилоят Халил Халиловҳо дар анҷумани матбуотӣ оид ба "Барҳам додан ба меҳнати маҷбурӣ” маълумот расониданд.

 

Тибқи маълумоти дар рафти анҷуман оварда шуда, ба садорати номбурда аз 18 нафар шахс оид ба меҳнати маҷбурӣ моҳҳои январ ва августи соли равон бо муроҷиат омада, байни он муроҷиатҳо ҳолатҳои қонунвайронкунӣ бисёртар дар соҳаи таълим ба назар мерасад.

 

Минбаъд, нигоҳ накарда ба лавозим, хоҳ ӯ директори мактаб бошад, хоҳ шахси дигари мансабдор касе, ки ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб мекунад,нисбати ӯ санксияҳои ҷазо дида мешавад.

 

Аз ин рӯ, дар асоси қисми якӯми моддаи 51-ӯми Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ ба 30 баробар аз 10-и миқдори ҳисоби базавӣ-асосӣ ва агар ин қонунвайронкунӣ дар муддати як сол такрор шавад, аз 30 то 100 баробар ҷарима ситонида мешавад.

 

Вакили прокуратураи вилоят ҳини сӯҳбат дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида ду шахси мансабдор дар соли 2018-ӯм ва дар соли равон ба қайд гирифта нашудани чунин ҳолат маълумот расонид.

 

Дар Самарқанд байни халқ бюроҳои меҳнати ашхоси он ҷо дар ҷустуҷӯи кор бударо "мардикор бозор” мегӯянд ва ин гуна бюроҳо 8-торо ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар анҷуман дар бораи ҷалби он ашхосро ба ғунучини пахта фикру мулоҳизот баён карда шуд.

 

Дар хотимаи анҷуман журанлистон дар бораи зери назорат гирифтани бачаҳои дар автобусҳои мусофиркашон, ки ба сифати кондуктор кор мекунанд, сухан карда шуд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий