» » » Дар Самарқанд 165 ҳодисаи азхудкунии маблағ ба миқдори 168, 6 миллион сӯм муайян карда шудааст


Дар Самарқанд 165 ҳодисаи азхудкунии маблағ ба миқдори 168, 6 миллион сӯм муайян карда шудааст

Дар Самарқанд 165 ҳодисаи азхудкунии маблағ ба миқдори 168, 6 миллион сӯм муайян карда шудаастҲаракатҳои зиддиқонунии ходимони қисми идораи ғайрибуҷавии хазинаи Нафақаи вилояти Самарқанд дар натиҷаи бурда шудани тафтишоти шӯъбаи назорати тиҷоратии Департаменти давлатӣ муайян карда шуд. Дар ин бора шабакаи kun.uz. хабар мерасонад.

 

Дар натиҷаи нодуруст тартиб додани ҳуҷҷатҳо ба чандеи аз шаҳрвандон ба маблағи 61, 1 миллион сӯм нафақа дода шудааст. Масалан, дар шӯъбаи ноҳияивии хазинаи номбурдаи Пайариқ, соли таваллуди шаҳрванд аз 1957 ба 1952 иваз карда шуда ба реестр дохил карда шуда, аз соли 2014-ӯм 18, 8 миллион сӯм маблағ ба таври ноқонунӣ дода мешавад.

 

Дар ноҳияи Каттақӯрғони вилояти Самарқанд ҳам аз тарафи хазинаи ноҳиявии Нафақа ба хатои ҷиддӣ роҳ дода шуда, аз буҷаи давлатӣ ба шаҳрванд ба таври ноқонунӣ аз соли 2016 нафақа миқдори 8,7 миллион сӯм дода шудааст. Чунин ҳолатҳои қонқншиканӣ дар шӯъбаи ноҳиявии Ургут ва шаҳри Самарқанд низ ба қайд гирифта шудааст.

 

Тибқи манълумоти Вазорати молия, аз рӯи натиҷаи корҳои назоратӣ-тафтишӣ ҳуҷҷатҳо ба мақомоти прокуратура равона карда шуда, аз рӯи тартиби муайяни ҳуқуқӣ чора дида мешавад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий