» » » То охири соли 2019-ӯм 65 километри роҳҳои дохилии Самарқанд асфалтпӯш-мумфарш карда мешаванд


То охири соли 2019-ӯм 65 километри роҳҳои дохилии Самарқанд асфалтпӯш-мумфарш карда мешаванд

То охири соли 2019-ӯм 65 километри роҳҳои дохилии Самарқанд асфалтпӯш-мумфарш карда мешавандТо охири соли 2019-ӯм 65 километри роҳҳои дохилии Самарқанд асфалтпӯш-мумфарш карда мешаванд


То вақти имрӯз дар Самарқанди бостонӣ ҳамагӣ 1821 кӯча мавҷуд буда, дарозии он 848, 06 километрро ташкил медиҳад. Аз онҳо 444,6 километри он-роҳҳои маркази шаҳрро ташкил медиҳанд, 403,4 километри роҳҳо ин роҳҳои дохилӣ мебошанд. Тибқи маълумоти мутассадиёни ҳокимияти шаҳри Самарқанд дар чаҳор соли охир (2015-2018) 110,1 километри роҳҳо аз таъмир бароварда шуданд.


Таи ин солҳо кӯчаҳои дохили маҳаллаҳои Самарқанд низ мумфарш карда шуданд. Ҳоло ҷониби роҳи масҷиди Хӯҷа Аҳрори Валии ноҳияи Самарқанд ҳам таъмир карда шуда, ҳам барои автонақлиёт ва ҳам барои пиёдагардон қулайи офарида шуда истодааст.


Соли равон бошад, корҳои ободонӣ ва азнавтаъмиркунӣ дар кӯчаҳои дохилӣ дар 95 километри роҳ бурда шуда, 65 километри роҳҳо пурра асфалтпӯш-мумфарш карда шуданд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий