» » » Оё ба ҷои пул-кӯпруки овезони пайвандгари ду маҳаллаҳои Хишрав кӯпруки нав сохта мешавад ё не


Оё ба ҷои пул-кӯпруки овезони пайвандгари ду маҳаллаҳои Хишрав кӯпруки нав сохта мешавад ё не

Ба таркиби шаҳраки Хишрави вилояти Самарқанд се маҳалла: маҳаллаи Наврӯз, Ёшлик ва Чилқудуқ дохил шуда, таи солҳои охир дар ин ҷониби шаҳри бостонӣ корҳои ободонии зиёд бурда мешаванд. Роҳҳои бисёри маҳаллаҳо мумфарш-асфалтпӯш карда шуда, дарахтони манзаравӣ шинонида шудаанд. Корҳои дигари бунёдкорӣ бурда шуда истодааст.

 


 

Дар пастхамии маҳалла бошад, канали калони Хишрав ҷорӣ гашта, дар рӯбарӯи маҳаллаи Наврӯз маҳаллаи навбунёди Хишрав-2 ҷойгир шудааст. Ду маҳалларо бошад, кӯпруки дарозиаш қариб 100-метра ба ҳамдигар пайваст мекунад.

 

Ҳар рӯз аз ин пул-кӯпрук садҳо нафар сокинони шаҳрак ба мактаб, ба кор, ба хонаи худ ва фарзандони хеш раҳсипор шуда, аз як сӯй ба сӯи дигар мегузаранд.

Азбаски купрӯк бо симҳои ғафс-троссҳо як соҳилро бо соҳили дигар мепайвандад, ҳангоми аз он гузаштан, купрӯк каме меҷунбад.

 

Имрӯз дар дар шаҳрак наздик ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар бурда, тавассути ин пул-кӯпрук қисми зиёди сокинон ба заводи навташкили "Профазия метал”, ки дар тарафи дигари соҳил воқеъ аст, равуо мекунанд.

 

Моҳи майи соли гузашта вазифаи раисии шӯрои шаҳрвандони маҳаллаи "Наврӯз” бар ӯҳдаи собиқ ходими ҳарбии Самарқанд, аслан зодаи ин шаҳрак Бахтиёр Умаров гузошта шуда, тибқи фикри ӯ дар асоси муроҷиати сокинон оғоз аз моҳи майи соли 2019 ҳокими шаҳри Самарқанд Бобурмирзо Облоқулов ва соҳибкор Ҷасурбек Истамовҳо ин роҳро аз назар гузаронида, дар асоси дастури давлатии "Обод маҳалла” ва бо ёрии аҳолӣ, тадбиркорони мавзеъ ба воситаи ҳашар бунёди зинаҳоро сар карданд. Баландии зинаҳо зиёда аз 200 метрро ташкил дода, барои сохтани он зиёда аз 12-тонна семент истифода бурда шудааст.

 

Дар асоси дастури давлатии "Обод маҳалла” роҳи даромад аз тарафи дигари маҳаллаи Хишрав-2, дар ноҳияи Самарқанд, ки аз он ҷо кӯчаи калони нақлиётӣ ҳам мегузарад, мумфарш-асфалтпӯш карда шуда, дохили роҳҳои маҳалла шағалпӯш карда шудаанд. Дар назар дошта шудааст, ки баъди анҷоми корҳои техникӣ, роҳҳои байни гузарҳо низ пурра мумфарш-асфалтпӯш карда хоҳанд шуд.

 

Аммо аҳолӣ ин роҳ аниқтараш кӯпруки борики мавҷударо наздиктар дониста, доимо аз ин он равуо карда, ба маҳаллаи дигари ҷониби соҳил рафта меоянд.

Аз ин рӯ, сокинони ин мавзеъ аз масъулини вилоят хоҳиш карда истодаанд, ки дар оянда масъалаи сохтани кӯпруки баланд ва васеътарро дида бароянд.

Дар гузоришҳои дигар мо боз ба ин мавзӯъ бармегардем.

 

Шахло Ахророва 

Комментариев: 0
Добавить комментарий