» » » Эҳтиром ба Навоӣ


Эҳтиром ба Навоӣ

 

       

Маълуматон, ки ҳар сол санаи 9-феврал рӯзи таваллуди султони мулки ғазал, шоири машҳури шарқ ва дунёвӣ  Мир Алишер Навоӣ дар сартосари малакати мо васеъ қайд карда мешавад.


Дар шаби адабие, ки дирӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 73-ӯми шаҳри Самарқанд, таҳти шиори " Эҳтиром ба Навоӣ” гузаронида шуд, намояндагони садорати вилоятии Хизматҳои Бехатарии Давлатӣ, фаъолони маҳаллаҳои атрофи ин даргоҳи илмомӯзӣ, устодон ва хонандагони мактаби мазкур, адибон ва роҳбари шӯъбаи шаҳрии таълими халқи Самарқанд иштирок карданд.

 

Дар оғози чорабинӣ намояндагони садорати вилоятии Хизматҳои Бехатарии Давлатӣ барои китобхонон ва китобхонаи мактаб зиёда аз 100 номгӯи асарҳои адибони ҷаҳонӣ ва ҷумҳурӣ инчунин Алишер Навоиро тақдим намуданд.

 

Сипас, хонандагони мактаб назди ҳозирин баромад карда, порча аз асарҳои безаволи адиб, монолог, диалогҳои пурмӯҳтаворо қироат намуданд.

 

Имрӯз ҳам омӯзиши эҷодиёти ғании Алишер Навоӣ хеле муҳим буда, хонанда дар асарҳои ӯ ба олами шеъру шоирӣ ғӯта мезанад, фазилатҳои беҳтарини инсониро аз абъёти бойи адиб барои худ дастурамал мекунад, ватандӯсту меҳанпарвар мегардад.

 

Қобили зикр аст, ки айни замон асарҳои зиёди пурмӯҳтавои адиби маъруф Алишер Навоӣ ба забонҳои зиёди ҷаҳонӣ тарҷума карда шуда, дастраси хонандагон ва ҳаводорони эҷодиёти бойи шоир гаштааст.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий