» » » Рӯзномаи “Овози Самарқанд”- тарғибгари маърифат


Рӯзномаи “Овози Самарқанд”- тарғибгари маърифат

Ба муносибати эълон гардидани соли 2020 "Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ” дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  дар толори Мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақами 12-и ноҳияи Самарқанд таҳти шиори "Рӯзнома-тарғибгари маърифат” тадбири маънавӣ-маърифӣ баргузор гардид.

 


Тадбирро муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии "Гулобод тонги” Нормурод Каримзода ифтитоҳ бахшид.

Сипас, ришати сухан  ба ҳокими ноҳияи Самарқанд Носир Мавлонов дода шуд. Ҳоким дар баромади хеш дар бораи саҳми муносиби рӯзноманигорони рӯзномаи мазкур дар мустаҳкамнамоии дӯстии халқҳо ва дарҷи матну мақолаҳо оид ба ҳалли масъалаҳои умдатарини давр, ки барои рушди ҷамъият ва некӯаҳволии халқи  хизмат мекунад, истода гузашт.

 

Дар хотимаи сухани хеш ҳокими ноҳияи Самарқанд ҷамоа ва дӯстдорони рӯзномаро бо ҷашни 30-солагии ташкилёбии рӯзномаи мазкур табрик намуда, ваъда дод, ки боз 500 адад обунаи иловагӣ дар ноҳияи Самарқанд ташкил намуда, ба муштариёну дӯстдорони рӯзнома бепул тақсим карда мешавад.

 

Сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов дар баромади худ таъкид намуд, ки ташкили ин гуна вохӯриҳо дар "Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ” дорои аҳамияти калон буда, минбаъд ҳам ҷамоаи рӯзномаи  "Овози Самарқанд” тарғибгари маърифат, дӯстӣ ва ҳамдилӣ дар Ватани ободу озод мешавад. Сармуҳаррир дар поёни сухани хеш барои ин дастгирӣ ва кӯмак аз номи ҷамоаи рӯзномаи мазкур ба ҳокими ноҳияи Самарқанд миннатдорӣ баён кард.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий