» » » Дар клиникаи «Bionur medservis» ҷарроҳӣ бо иштироки шифокорони ҳиндустонӣ гузаронида мешавад


Дар клиникаи «Bionur medservis» ҷарроҳӣ бо иштироки шифокорони ҳиндустонӣ гузаронида мешавад

Санаи 12-13-ӯми феврали соли равон дар Самарқанд азназаргузаронии тиббӣ бо иштироки шифокорони ҳиндустонӣ: ортопед-травматолог Радҷеш Варма ва уролог Адитя Пратха гузаронида шуд. Мутахассисони ҳиндустонӣ барои ҳар як шахси муроҷиаткарда табобатӣ алоҳида ва доруҳо муайян намуда, барои чандеи аз онҳо рӯзи ҷарроҳиро низ муайян намуданд.

 


Ҳамин тавр, баъди азназаргузаронии Шоира Аттоеваи 61-сола, ки чанде пеш бо дарди пой ба шифокорон муроҷиат карда, баъди ташхис нишонаҳои метафизи дисталии устухони сони пойи чап муайян карда шуда , васеъгардии банду буғуми салибмонанди дар пеш ҷойгиршуда ҳам маълум гардид, занро барои аз назорати онколог гузаштан равона карда буданд. Баъдтар гуфта шуд, ки ҷои варам карда, ба зудӣ бояд ҷарроҳӣ карда шавад.

 

Аммо баъди сӯҳбат бо ортопеди ҳиндустонӣ, Шоира Аттоева чунин гуфт:
-"Баъди дидан кардани шифорон ба ман гуфтанд, ки ҳеҷ ҷойи ба таҳлука афтодан нест, зеро дар поям кистаи хурдаке будааст, он бо истеъмоли доруҳо бартараф мешудааст ва баъди шаш моҳ бояд боз аз назорати шифокорон гузарам. Аз шунидаҳоям ман хеле хурсанд гаштам”.

Бемори дигар Беҳзод Кулдашев аз ноҳияи Нарпай се сол муқаддам ҳангоми кор дар Федереатсия Россия ҷароҳати сахти пойро гирифта, зонуи чапаш қат намешавад. Дар Тошкандшаҳру Самарқанд 5 маротиба ҷарроҳӣ ҳам карда, натиҷаи дилхоҳро нагирифтааст. Радҷеш Варма ба ҷавон якчанд роҳи ҷарроҳиро фаҳмонда дода  гуфт, ки барои ҷарроҳии навбатӣ 10-ҳазор доллар маблағ лозим мешавад.

 

Ҳамин тавр, шифокорони ҳиндустонӣ дар рафти дидан кардани беморон зиёда аз 200 муроҷиаткардагонро азназар гузарониданд. Қобили зикр аст, ки  бори аввал ҷарроҳиҳо бо иштироки ортопед ва урологи давлатӣ хориҷа дар клиникаи мазкур гузаронида шуда, натиҷаи хуб дода истодааст.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий