» » » Ободии маҳалла-ободии ватан


Ободии маҳалла-ободии ватан

Қабристони қадимтарини маҳаллаи "Барака”-и шаҳри Самарқанд қариб 400-сол инҷониб амал карда, ашхоси аз олам гузаштаи маҳаллаҳои "Барака” ва ”Янги работ”-и шаҳри бостонӣ ин ҷо дафъ карда мешаванд. 27-сол муқаддам бошад, дар шафати ин қабристон, бинои калон қад рост карда, маросимҳои мардумӣ-миллӣ гузаронида мешуданд.

 


Бо гузашти вақт бинои мазкур бекор монда, фарсуда шуда буд. Аз ин рӯ, чанде пеш бо ташаббуси аҳолии маҳаллаи "Барака” ва ҳомиён бо сарварии тадбиркори фаъол директори генералии заводи "Сино” Ҷаҳон Раҷабов бино аз нав таъмир карда шуда, тарҳи нав гирифт ва онро маркази маънавият ва маърифат ном гузоштанд.


Дар ҷамъомаде, ки дирӯз дар маркази маънавият ва маърифати маркази мазкур бо иштироки сокинон ва фаъолони маҳаллаи "Барака” гузаронида шуд, дар  бораи ташкили маҳфил-кружокҳои шоҳмот ва шашка, баргузории маросимҳои миллӣ ва ғайра сухан рафт.

 

Ҷамъомадагон инчунин оиди  бунёди қабристони нав дар поёни маҳалла ҳам маълумот расонида гуфтанд, ки чанде пеш дар мавзеи номбурда корҳои бунёдкорӣ, сохтмонӣ оғоз гардида, аллакай, 100 бар 200 метри девори атрофи қабристони нав сохта шудааст, дари даромад ҳам амсоли арки калон  қад боло мекунад.

 

Ҳамчунон дар 2 гектар майдони қабристони нав дарахтони арча корида шуда, атрофи он обод мегардад, роҳ  сӯи қабристон мумфарш-асфалтпӯш карда шудааст.

 

Дар назар дошта шудааст, ки минбаъд барои ободониву сарсабзу хуррам гардонии маҳаллаи "Барака” корҳои зиёд амалӣ карда шуда, ин ҷониби шаҳри Самарқанд ба як гӯшаи зебову шинам мубаддал мегардад. Барои ин бошад, ҳомиён бо сарварии сокинон ва фаъоли маҳалла  Ҷаҳон Раҷабов камари ҳимматро сахт бастаанд. Дар лавҳа ва гузоришҳои навбатӣ мо боз ба ин мавзӯъ бармегардем.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий