» » » Донишгоҳи байналмилалии “Щёлковый путь” дар 15 самт фаъолият мебарад


Донишгоҳи байналмилалии “Щёлковый путь” дар 15 самт фаъолият мебарад

Дар тӯли ду соли фаъолияти хеш донишгоҳи байналмилалии сайёҳии "Шёлковый путь” дастовардҳои зиёдро ноил гашта, ба яке аз даргоҳҳои олии бонуфузи республикаамон табдил ёфтааст. Қобили зикр аст, қариб 70 фисади таркиби омӯзгоронро мутахассисони ҷавон ва устодони хориҷа ташкил медиҳанд.

  

 

Қариб 700-нафар донишҷӯён дар 15-самт  дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои бонуфузи дунёвӣ пешбурди соҳаи муҳими иқтисодиёт сайёҳиро аз худ менамоянд.

 

Аслан оид ба  ташкили донишгоҳи байналмилалии сайёҳии "Щёлковый путь” сани 28-июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Саммити ШОС бо ташаббус баромад карда, ба фаъолияти ин даргоҳи олӣ такон дода буданд.

 

Ҳамин тавр, дар рафти конференсияи матбуотӣ оид ба фаъолияти донишгоҳ сухан карда шуда қайд гардид, ки  солҳои охир университет  бо 60 даргоҳи олии 34-то  давлати дунё шартнома имзо карда, дар самти илмӣ-тадқиқотӣ ва такмили ҷараёни хониш корҳои назаррас мебарад.

Минбаъд талабагон таҷрибаомӯзиро оид ба хизмат дар меҳмонхона ва бизнеси тарабхонаҳо дар мамлакатҳои Италия, Индонезия, Туркия метавонанд давом диҳанд.

 

Тибқи маълумоти статистикӣ 92 фоизи донишҷӯён  баъди хатми донишгоҳи мазкур метавонанд бо кор таъмин карда шаванд. Ташкилоти назди донишгоҳ фаъолият баранда бошад, барои дарёфти ҷои коридоимӣ ба ҷавонон, ёрии амалӣ мерасонад.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий