» » » Дар Самарқанд ходими бонк ҳангоми гирифтани пора ба даст афтод


Дар Самарқанд ходими бонк ҳангоми гирифтани пора ба даст афтод

Ходими бонк дар рафти бурда шудани корҳои оперативӣ-зудамал аз тарафи ходимони ҷӯстуҷӯӣ ҷиноии Садорати Корҳои Дохилии вилояти Самарқанд ва прокуратураи вилоятӣ ҳангоми гирифтани пора ба даст афтод. Дар ин бора хизмати матбуотии вилояти Самарқанд хабар мерасонад.

 

Дар Самарқанд ходими бонк ҳангоми гирифтани пора ба даст афтод

 


Санаи 22-июни соли равон сокини ноҳияи Самарқанд соли таваллудаш 1987, ба шӯъбаи ноҳиявии корҳои дохилӣ муроҷиат карда, дар бораи аз тарафи ходими филиали Кук Саройи бонки АКИБ "ИПОТЕКА БАНК” талаб карда шудани 1 миллиону 300 ҳазор сӯм маблағ ҳамчун пора ба ивази ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо оид ба гирифтани кредит, маълумот расонид.

 

Дар асоси муроҷиати аризадиҳанда, аз тарафи ходимони нигаҳдории ҳуқуқ дар рафти гирифтани пора ходими бонк дастгир карда шуд. Аз ин рӯ, дар асоси қисми дуввуми банди 210-ӯми УК РУЗ прокуратураи вилояти Самарқанд кори тафтишотӣ мебарад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий