» » » Таҷлили рӯзи Конститутсия-Қомуси асосии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Самарқанд


Таҷлили рӯзи Конститутсия-Қомуси асосии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Самарқанд

Дар маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тадбир баргузор гардид. Чорабинии муҳими давлатӣ бо иҷрои гимн-мадҳияи давлати Ӯзбекистон оғоз гардид.

 


Сипас, ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ба сухан баромада, ҳозиринро бо таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуда, дар бораи Қомуси асосии давлат, мақсади асосии он, ки ҳифзи ҳуқуқҳои инсониву манфиатҳои ӯ сухан карда, дар бораи аҳамияти он дар ҳаёти ҳар як шаҳрванди кишвар новобаста аз дину ирқу миллат, истода гузашт.

 

Баъд, актёрони театри драма ва мусиқии вилояти Самарқанд дар саҳна образҳои бузургон: Мирзо Улуғбек, Заҳириддин Муҳаммад Бобур ва Амир Темурро бо маҳорати баланд иҷро намуда, сазовори кафкӯбиҳои беохир гардиданд.

 

Раққосадухтарони ансамбли "Суғдиёна”-и назди садорати маданияти вилоят бо иҷрои рақсҳои миллии бетакрор давраро ҳусни тоза бахшиданд.

 

Баромади ансамблҳои бачагони вилоят, бо иҷрои сурудҳои ватандӯстонаву хушбахтӣ ҳамаро писанд омад.

 

Қобили зикр аст, ки дар чорабинӣ фаъолони вилоятӣ ва ҷавонони бо нишонаҳои сарисинагии Ватан тақдиркардашуда иштирок намуда, омодагии худро баҳри хизмат ба Ватан, баён карданд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий