» » » Таҷлили рӯзи Конститутсия – Қомуси асосии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ


Таҷлили рӯзи Конститутсия – Қомуси асосии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ

Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ш.Самарқанд рӯзи конститутсия – Қомуси асосии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо сурудани суруди сулҳ "Кабутари сафед” дар саҳнаи калони мактаб оғоз намуданд.



 

Сипас, барандаҳои чорабинӣ оид ба бобҳои муҳимтарини Конститутсияи давлатӣ маълумот расонида, ба саҳна талабагони синфи семро таклиф намуданд. Дар навбати худ талабагони синфи сеюм шеърҳои пурмазмунро бо хониши ифоданок ба диққати ҳозирин ҳавола карданд.

 

Ҳамин тавр, рӯзи қабули Қомуси асосии Ватан-рӯзи Конститутсияро хонандагони синфҳои 3, 4, 5, 6-ӯми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ш.Самарқанд бо роҳбарии муаллима Наима Мирзоева ба се забон: забони тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ бо хондани шеъру тарона, рақсу сурудҳои ватанпарварона қайд намуданд.

 

Ҳозирин аз баромади пурмӯҳтавои бачаякон бо шавқ гӯш карда, бо кафкӯбиҳои беохир толибони илмро миннатдорӣ карданд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий