» » » Шаҳрро тоза нигаҳ дорем!


Шаҳрро тоза нигаҳ дорем!

Маълуматон, ки солҳои охир мавзӯи экологӣ ва умуман ҳифзи муҳити атроф яке аз масъалаҳои муҳимтарини давр буда, олимону муҳаққиқони табиату табиатшиносӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, модар-замин беист ҳарф зада, ин муамморо ба дараҷаи глобалӣ-башарӣ баровардаанд.



 

Одамизод дар тӯли зиндагонии худ, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти хеш ҳар рӯз тоннаҳо маҳсулоти истифодакардаашро хориҷ карда афсӯс, ки заминро аз ахлоту маводи истеъмолшудаи дуввумдараҷа пур карда меояд.

 

Аз ин ҷо, мо хушк шудани баҳри Аралу ифлосшавии океану кӯҳу манзилҳои гуногуни заминро дида, зиёд гаштани бемориҳои нав ба навро ҳам гувоҳ шуда истодаем.

 

Дар Ватани мо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ин масъалаи муҳими дунёвӣ аҳамияти калон дода шуда, оғоз аз боғчаи кӯдакон то мактабҳои умумтаълиму даргоҳҳои оливу ташкилоту корхонаҳо, садоратҳои дахлдор, корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ бурда шуда, қарору фармонҳои бисёри ҳукуматӣ ҳам рӯи чопро дидаанд.

 

Анҷумани матбуотие, ки чанде пеш дар маркази ахборотии вилояти Самарқанд баргузор гардид, ба ин масъалаи умдатарини давр бахшида шуда буд.

 

Дар рафти соли 2020-ӯм аз тарафи садорати ҳифзи муҳити атроф ва Экологияи вилояти Самарқанд ва инспексияҳои шаҳриву ноҳияҳо 4 906 маротиба рейдҳо гузаронида шуда, дар натиҷаи муайян кардани ҳуқуқвайронкуниҳои зиёд аз аҳолӣ 1 миллиарду 910 миллион сӯм ҷарима ситонида шудааст.

 

Аз ин рӯ, дар сӯҳбат вохӯрӣ намояндагони садорати номбурда, дар бораи дида баромадани 546 муроҷиати шаҳрвандонро дар даври аз моҳи ноябри соли 2019-ӯм то моҳи декабри соли 2020-ӯм маълумот расонида илова намуданд, ки дар баъзеи аз муроҷиатҳо дар бораи буридани дарахту буттаҳо сухан рафта, баъди таҳлили аниқ ва муайян кардани ҳолати дарахтон 12 076 бех дарахтон аз решакан карда шудан боздошта шудааст.

 

Мутасаддиёни соҳаи номбурда, дар бораи партофта шудани ахлоттӯдаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ифлос кардани кӯчаҳои шаҳр аз тарафи сокинони Самарқанд, беаҳамиятии шаҳрвандон ва дар оянда ташкили корхонаи махсуси коркарди партовҳоро аз рӯи намуд амсоли: шишаҳо алоҳида, коғаз алоҳида, қуттичаҳои пласмассагӣ алоҳида ва ғайра сухан карда, таъкид карданд, ки бояд ба аҳолӣ корҳои тарғиботии маданияти тоза нигаҳдории атрофи зисту партофтани ахлоттӯдаҳоро дар манзили муайянкардашуда, баланд карда шавад.

 

Дар рафти ҷамъомади мазкур аз тарафи иштирокчиён намояндагони ВАО-и вилоят саволҳои гуногуни муҳими давр дода шуда, ҷавобҳои аниқ ва мушаххас гирифта шуд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий