» » » Омӯзиши ҳаёт ва мероси Имом Бухорӣ дар Самарқанд


Омӯзиши ҳаёт ва мероси Имом Бухорӣ дар Самарқанд


Такя ба маъхазҳо "Султони илми ҳадис” Имом Бухорӣ 19 июли соли 810-ӯми рӯзи ҷумъа дар оилаи маъруфи зодагони шаҳри Бухоро Исмоил ибн Иброҳим ба дунё омадааст.

 

Ҳанӯз аз давраҳои хурдсолӣ Муҳаммад ибн Исмоил Бухорӣ тамоми илмҳои замонаашро аз худ кардааст.Дар манбаъҳои таърихӣ қайд карда мешавад, ки Имом Бухорӣ 40 сол дар сафари мамлакатҳои хориҷ шуда, наздики 24-то асарҳои иҷтимоӣ, динӣ офаридааст.

 

Асарҳои зиёди Имом Бухорӣ дар китобхонаҳои машҳури ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон нигоҳ дошта шуда, баҳри омӯзиши асарҳои ӯ олимон корҳои тадқиқотӣ мебаранд.Дар Самарқанди бостонӣ, ба ғайр аз китобхонаи маҷмӯи "Султони илми ҳадис”, дар китобхонаи марказии ахбору ресурсии ба номи Александр Пушкини вилоят яке аз китобҳои мутафаккири бузург Имом Бухорӣ нигоҳ дошта мешавад.

 

Маълуматон, ки дар хазинаи китобхонаи ба номи А.Пушкинаи ш.Самарқанд зиёда аз 10 ҳазорто китобҳои нодирва пурарзиш маҳфуз буда, байни онҳо 7 ҳазор китоб ва боқимондаи он рӯзнома ва маҷаллаҳо мебошад.Байни китобҳои мазкур 48-тои он ба забони арабӣ буда, 5 то китоби дастхат ва китобҳои боқимондаи он чопи сангӣ мебошад.

 

Китобҳои арабӣ бо хати насталиқ буда, мансуб ба охири асри 12 ва аввали асри бистум аст.

Маълуматон, ки соли гузашта, китобхонаи мазкур аз таъмири пурра бароварда шуда, дар қабати якӯми он музейи китобҳои нодир ташкил карда шуд.Ҳамин тавр, аз сӯҳбат бо мудири шӯъбаи дастхатҳои маркази ахбору ресурси вилоятии ба номи А.Пушкин ҷилди сеюми китоби "Ҳадис”-и Имом ал-Бухорӣ нигаҳ дошта мешавад.

 

Нашри электронии ин китобҳо аз тарафи китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи А.Навоӣ тайёр карда шуда истода, олимон аз паи тадқиқи асарҳои "Султони илми ҳадис” мебошанд. Хонандагон бошанд, ба таври электронӣ метавонанд минбаъд аз ин китобҳо истифода баранд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий