» » » Муассисаҳои умумтаълим таъмир мегарданд


Муассисаҳои умумтаълим таъмир мегарданд


Дар асоси фармон ва қарорҳои бисёри Президенти мамлакат имрӯз ба кадом ҷониби шаҳри Самарқанд нигоҳ накунед, дар ҳама ҷо корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ бурда шуда, хонаҳои серошёна ва биноҳои маъмуриву мактабҳои замонавӣ бунёд мегарданд.

 

Ҳамин тавр, Самарқанди бостонӣ қиёфаи замонавиро касб намуда зеботару дилработар мегардад.

 

Дар радифи ин ҳама корҳои бунёдкориву ободонӣ, бинои техникии мактаби умумтаълими рақами 9-ӯми ш.Самарқанд, ки соли 1963-ӯм сохта шуда аст, аз моҳи ноябри соли 2020-ӯм бо ташаббуси ҳомиён ва фарзандони бомаърифати маҳаллаи "Девори кӯндаланг”-и ш.Самарқанд аз нав таъмир карда мешавад.

 

Ташаббускор Бахтиёр Фозилов яке аз тадбиркорони хеле маъруфи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дунёвӣ мебошад.

 

Ҳар як синфхона мутобиқ ба стандарҳои ҷаҳонӣ қад боло карда, шафати бино ҳам аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад.

 

Мегӯянд мактаб даргоҳи муқаддасу маскани зиёст ва фарзандони асили Самарканд ба мисли Бахтиёр Фозилов ба сифати миннатдорӣ барои масъулият ва захматҳои арзандаи устодон барои гул-гулшукуфонии даргоҳҳои илми хеш доимо кӯшиш мекунанд.

 

Дар навбати худ, мо ба чунин мардони абармарди ҳақиқии Самарқанд ва ҳомиён бори дигар аз номи устодон ва хонандагони мактаби 9 миннатдории беинтиҳоро баён мекунем.

 

Бигузор дар оянда чунин фарзандони фарзонаи Самарқанди бовиқор бисёр гардида, номи шаҳри кӯҳан ва ҷавонро боз ҳам машҳуртар гардонанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий