» » » Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи дилафрӯз дар шаҳри Самарқанд боғи замонавии оилавии серсоҳаи “Фемили парк” кушода шуд


Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи дилафрӯз дар шаҳри Самарқанд боғи замонавии оилавии серсоҳаи “Фемили парк” кушода шуд


Лоиҳаи мазкур соли 2019-ӯм ба ҳаёт тадбиқ гардида, корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли 2021-ӯм ба охир расонида шуд.

 

Қобили зикр аст, ки масоҳати бинои мазкур 6, 3 га-ро ташкил дода, дар қабати якӯм автопарк барои 400-то автонақлиёт ҷой дода шуда, дар маҷмӯъ кинотеатр, майдончаҳои бозӣ барои бачагон, медиапарк ба хизмати аҳолӣ омода карда шудаанд. Дар қабати якӯм ва дуввум мағоза, ошхона дар қабати саввум, клуби фитнесӣ ва боулингу ғайраҳо ҷой дода шудаанд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ 25 миллион доллари америкоӣ сарф карда шудааст.

 

Дар баробари ин ҳама қулайиҳо, барои истироҳату хариди масолеҳи зарурии оилавӣ, майдони калони бозиҳои варзишии болои ях бо ғунҷоиши 1850 ҷой, дар маҷмӯъ манзили асоситарин гӯем, саҳв нахоҳем кард.

 

Дар тадбири идона ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов иштирок ва сухан кард.

Комментариев: 0
Добавить комментарий