» » » Гузошта шудани симчӯбҳои барқӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Самарқанд


Гузошта шудани симчӯбҳои барқӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Самарқанд

Дар шаҳри Самарқанд бо мақсади таъмини аҳолиро бо неруи барқ корҳои амалии зиёд бурда шуда, зина ба зина дар маҳаллаҳои шаҳру навоҳии шаҳри бостонӣ симчӯбҳои барқӣ иваз карда шуда истодаанд.

 

Ҳамин тавр, дар асоси дастури давлатӣ 37 симчӯбимаҳаллаи "Камолиддин Беҳзод” ва 15 симчӯби маҳаллаи "Анҳор” ба симчӯбҳои бетонӣ иваз карда шуда истодаанд.

 

Инфрасохтори маҳаллаи "Саид”-и шаҳи Самарқанд низ беҳ гардонида шуда, барои аҳолӣ қулайи фароҳам карда шуда истодааст.

 

Маҳаллаи дигар бо ном "Обод маскан” дар ҷониби массиви Қорасуви шаҳри Самарқанд ҷой гирифта, ин шаҳрак шаҳраки замонавист. Ин ҷо, се маҳаллаи калон мавҷуд буда, дар 8 ҳазор то хонадон зиёда аз 25 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд. Барои 46-то хонаҳои серошёнаи маҳаллаи "Обод маскан” бошад, 16 то ТП гузошта шуда аст.

 

Комментариев: 0
Добавить комментарий