» » » Ургутиҳо истифода аз заминҳои бекорхобида ҳосили зиёд мегиранд


Ургутиҳо истифода аз заминҳои бекорхобида ҳосили зиёд мегиранд


Маълуми ҳамагон аст, ки аз қадимулайём уругутиҳо халқи меҳнаткашу меҳнатдӯстанд.

 

Дар баробари рушди соҳаи саноат аҳолии ноҳияи Ургут кишоварзиро яке аз самтҳои муҳимтарин дониста, майдонҳои бисёри бекорхобидаро аз худ мекунанд. Баҳри гирифтани ҳосили зиёд аз имкониятҳо пурра истифода мебаранд.

 

Дар асоси нақша ва дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ идораи Инспексияи назорати комплекси агросаноатии назди Девони Вазирони ҷумҳурии вилояти Самарқанд вазифаҳои муҳими давлатиро дар мӯҳлати муайян иҷро карда меояд.

 

Ҳамин тавр, барои зиёд кардани ниҳолчаҳои дарахтони қадпасти мевадиҳанда, истифода аз имкониятҳо ва такя ба қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз обёрикунии қатрагӣ истифода бурда мешавад.

 

Яке аз чунин лоиҳаҳои обёрикунии қатрагӣ дар хоҷагии фермерии "Эко Гарденс”-и ноҳияи Ургут тадбиқ карда шуда истодааст.

Комментариев: 0
Добавить комментарий