» » » Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст...


Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст...


Маълуматон, ки дар ҷойҳо ин рӯзҳо ҳафтаи китоб ва китобхонон гузаронида шуда, дар доираи ҳафтаина тадбирҳову вохӯриҳои гуногун ташкил карда мешаванд.

 

Яке аз чунин чорабинӣ дар муассисаи таълими ҳамагонии № 16-и ноҳияи Самарқанд баргузор гардид. Дар вохӯрӣ бо хонандагон роҳбарон ва журналистони рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд” ва роҳбари маркази миллӣ-мадании тоҷикони Самарқанд Акбар Маҳмудов иштирок карда, оид ба нақши китоб ва китобхонӣ дар ҳаёти инсон, хониши бадеӣ ва ғайра сӯҳбат оростанд.

Аз ҷумла ҳозирин қайд намуданд, ки китоб сарчашмаи дониш буда, барои рушди зеҳн ва тафаккури хонандагон ва умуман инсон аҳамияти калон дорад.

 

Қобили зикр аст, ки хонандагони мактаби мазкур ҳамеша дар озмунҳои ноҳиявиву шаҳрии китобхонон фаъолона иштирок намуда, дастболо мегарданд.

 

...Ҳамин тавр, сардабири рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов ва роҳбари маркази миллӣ-мадании тоҷикони Самарқанд Акбар Маҳмудов дар хотимаи вохӯрӣ ба талабагони фаъол китобҳои адибони муосир ва намунаҳои асарҳои журналистони соҳибтаҷрибаро тақдим намуданд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий