» » » Дирӯз дар Самарқанд марсими ифтитоҳии клиникаи ZARMED PRATIKSHA BOGISHAMOL баргузор гардид


Дирӯз дар Самарқанд марсими ифтитоҳии клиникаи ZARMED PRATIKSHA BOGISHAMOL баргузор гардид


Дар он ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов, сафири фавқулоддаи мухтори Ҳиндустон дар Ӯзбекистон Маниша Прабхат ва намояндагони соҳаи тандурустии вилояти Самарқанд ва давлати Ҳиндустон иштирок ва сухан карданд.

 

Қобили зикр аст, ки асосӣ ҳамкорӣ бо ҳиндустониён ҳанӯз соли 2018 оғоз гардида, ин ҳамкориҳо баҳри беҳтаргардонии сифати хизмати тиббӣ ба аҳолӣ ва минбаъд ҳам мустаҳкамтар намудани риштаҳои дӯстии ду давлати бузурги дунё Ӯзбекистон ва Ҳиндустон хизмат мекунад.

 

Ба суханбаромдагон дар бораи рушди туризми тиббӣ дар Ҳиндустон маълумот дода таъкид намуданд, ки ин самт дар Ӯзбекистон низ ба пеш меравад.

 

Қобили зикр аст, ки кушодашавии филиали хусусии Pratiksna hospital Groupt имконияти васеи ташхиси бемориҳоро дар асоси таҷрибаи ҷаҳонии соҳаи тандурустӣ ва табобати беморонро дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ ва ҷарроҳиҳои душвор медиҳад.

 

Барои тадбиқи лоиҳаи мазкур 8, 5 миллион доллари америкоӣ ва 1, 5 миллион доллар капитали давлати Ҳиндустон сарф карда шудааст.

 

Маълуматон, ки се сол муқаддам ҳангоми ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба давлати Ҳиндустон меморандуми ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун имзо гардида, то вақти имрӯз дар ватани мо даҳҳо корхонаҳои муштарак фаъолият мебаранд.

 

Дар клиникаи ZARMED PRATIKSHA BOGISHAMOL 15-нафар мутахассисони ҳиндустонӣ аз қабили: нейрохирург, гастроэнтеролог, уролог, анестезиолог, ҷарроҳ, лор ва дигарон кор мебаранд. То кушодашавии клиникаи номбурда бошад, аллакай, ҷарроҳии лапараскопӣ, зндоваскулярӣ, ҷарроҳӣ, ҷарроҳии дил ва рагҳои хунгарду ғайраҳо бурда шудаанд.

 

Баъди қисми ифтитоҳӣ меҳмонон дохили клиникаро дидан карда, аз таҷҳизоти замонавӣ ва воситаҳои муолиҷавӣ шинос шуданд.

 

Агар ба таърихи фаъолияти ZARMED PRATIKSHA BOGISHAMOL назар кунем, клиникаи мазкур ҳанӯз соли 2010-ӯм фаъолияти хешро оғоз намуда, миҷозон аз бемориҳои неврологӣ, нейроҷарроҳӣ, ортопедӣ ва дигарон шифо ёфтаанд.

 

Дар рафти сӯҳбат ва дидан кардани имкониятҳо оиди нақшаҳои минбаъда сухан карда шуда қайд гардид, ки таъсисчиён нияти кушодани филиали клиникаро дар дигар ҳудудҳои республика ва вилоят доранд, шӯъбаи кардиоҷарроҳии алоҳидаро ҳам кушоданият. Дар ин самт корҳои амалӣ бурда шуда истодаанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий