» » » Дӯстиро ҷӯстуҷӯ дорем мо, Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо


Дӯстиро ҷӯстуҷӯ дорем мо, Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо

Маълуматон, ки 9-марти соли 2018-ӯм бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарҳадҳои ду мамлакати ба ҳам бародар кушода шуда, робитаҳоидӯстӣ мустаҳкамтар гардиданд.



 

Сарони давлатҳо оид ба ҷанбаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангу робитаҳои башарӣ, иртиботи нақлиётӣ, истифодаи захираҳои обу энергетика, амният ва мудофиа ва густариши робитаҳои байни минтақаҳои ду кишвар мубодилаи афкор намуда, имрӯз ин муносибатҳо ба зинаи нави муносибатҳо баромадаанд.

 

Аз ин рӯ, чанде пеш роҳбари гурӯҳи ташаббускорони муштаракбобати дастгирӣ ва тарғиботи сиёсатҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Исомиддин Асомов дар Самарқанд шуда, даставвал хона-музейи ҳофизи мардумии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасуловро тамошо карданд. Дар осорхона бо ҳаёт ва эҷодиёти устоди санъаткорони Самарқанд аз наздик шинос шуданд.

 

Сипас, роҳбари гурӯҳи ташаббускорони муштаракбобати дастгирӣ ва тарғиботи сиёсатҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Исомиддин Асомов дар хона-музейи С.Айнӣ шуда, аз рафти корҳои реставратсионӣ ва умуман бо шароитҳо барои сайёҳон шинос шуданд.

 

Дар рафти ташрифи меҳмон сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов ва роҳбари шӯъбаи самарқандии агентии ахборот ва коммуникатсияи оммавии Ӯзбекистон Манноп Ибодуллоев ҳамроҳӣ намуданд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий