» » » Истеҳсоли масолеҳи сохтмонии шифер дар ноҳияи Самарқанд


Истеҳсоли масолеҳи сохтмонии шифер дар ноҳияи Самарқанд


Маълуматон, ки таи солҳои охир бо кӯмаки ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳукумати маҳаллӣ барои соҳибкорону тадбиркорон шароити муфиди кор ташкил карда шуда, масъалаи озод кардан аз андоз ва додани кредит бо фоизи паст ба роҳ монда шудааст.

 

Дар ин самт сарвари мамлакат бо фармонҳои махсус доимо тадбиркоронро дастгирӣ мекунанд.

Ҳамин тавр, дар ноҳияи Самарқанди вилоят ҳам корхонаву ташкилот ва компанияҳои зиёди муштарак ташкил карда шуда, ҳар як дар пешрафти иқтисодиёти давлатамон саҳмгузор шуда меоянд.

 

Хоҷагии фермерии "Истиқлол шӯъласи”-и ноҳияи Самарқанд хоҷагии серсоҳа буда, соли 2002-м ташкил карда шудааст. Корхона асосан бо истеҳсоли шифер шуғл дорад. Дар ду сехи корхона, зиёда аз 60-нафар коргарон дар меҳнат буда, бозори дохилиро бо маҳсулоти зарурӣ пур карда меоянд.

 

Дар рафти диданкардани намояндагони ВАО-и вилоят кори хоҷагӣ ва корхонаро маълумотҳои зиёд гирифтанд.

 

Оянда роҳбарияти корхона ният дорад, ки илова боз кори сехи наваро ба роҳ монда, ҷавонони зиёдро бо кор таъмин намоянд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий