» » » Помидорҳои “гулобӣ”-и Самарқанд дар талаби ҷаҳонӣ


Помидорҳои “гулобӣ”-и Самарқанд дар талаби ҷаҳонӣ


Боздиди навбатии намояндагони Васоити Ахбори Омма аз рафти кори соҳибкорону тадбиркорон дар ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд идома ёфт.

 

Мухбирон дар гармхонаи Ҷамъияти Дорои Масулияташ Маҳдуди "Грэн агро тренд” шуда, аз рафти парвариши помидорҳои гулобии навъи "делта пин”-и гулобии навъи туркӣ маълумот гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки ҶДММ "Грэн агро тред” соли 2019-ӯм ташкил карда шуда, гармхона пурра соли 2020 дар ҳамкорӣ бо давлати Туркия ташкил карда шуд.

 

Масоҳати гармхона 3 гектарро ташкил дода, коргарон дар асоси технологияи пешқадами ҷаҳонӣ кор мебаранд. Барои оғози кор тадбиркор аз бонки Ӯзбекистон якуним миллион доллари америкоӣ кредит гирифта, дар муддати 5 сол бояд онро баргардонад.

 

Ҳини сӯҳбат соҳибкор мегӯяд, ки оянда мехоҳад илова боз дар 3 гектар замин помидори навъи гулобиро кишта, тухмии онро на аз давлати Туркия мисли ҳозира, балки дар худи Самарқанд кишт намуда, маҳсулоти зиёдтару беҳтаринро рӯёнад.

 

Барои ин бошад, дар ҷумҳурии мо тамоми имконият ва шароитҳо мавҷуданд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий