» » » Динара Султонова ва тарҷумаи шеърҳои Навоӣ


Динара Султонова ва тарҷумаи шеърҳои Навоӣ


Динара Султонова зани серғайрат, донишманд, олима, чашми кордон, хеле боэътибор ва меҳрубон ба шогирдону доимо ба пеш ҳаракаткунанда, модари меҳрубону зани оиладӯст, ватанпарвар, устоди Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷаи Самарқанд, устои беҳамтои касби хеш-тарҷумони дараҷаи аввали назми адибони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба забони англисӣ.

 

Ин гуна фазилатҳои волову беҳтарини ин зани меҳнаткаш, меҳнатдӯстро соатҳо метавон номбар карду номбар кард.Динара Султанова аслан зодаи шаҳри Севастополи давлати Русссия буда, баъди вафоти падар дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, модарашон бо ду нафар духтарон ба ш.Самарқанд кӯчида меоянд. Динара Султонова мактаби умумтаълимро бо баҳои аъло хатм намуда, ба Доникадаи забонҳои хориҷии давлатии Самарқанд дохил мешаванд.

 

Баъди хатми бо муваффақияти ин даргоҳи олӣ дар худи институт ба ҳайси муаллимаи калон ба кор мемонанд.Ва аз ҳамон вақт инҷониб,зиёда аз 50-соли умри худро баҳри сабақ додан ба талабагон-донишҷӯён бахшида, дар факултаи назария ва амалиёти тарҷимаи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷаи Самарқанд фаъолияти худро давом додаанд.

 

Агар аз ҳамкасбон, шогирдон ва устодони Динара Султонова дар бораи ин зани бомаърифат пурсед, ҳама бо як овоз мегӯянд: устоди бомасъулият, донандаи беҳтарини забони англисӣ ва тарҷумони беҳамтои асарҳои шоирони ватанӣ ба забони англисӣ...

 

Бахшида ба муносибати 575 солагии шоири бузург Мир Алишер Навоӣ, ки соли 2017-ӯм гузашта буд, Динара Султанова зиёда аз 30 ғазали Навоиро ба забони англисӣ тарҷума карда, аудиодиски шеърҳои адибро низ бо шогирдон сабт карда буданд.

То вақти имрӯз бошад, ҳамагӣ 56 ғазали шоири бузург Навоиро, ки тарҷумаашон хеле мураккаб аст, ба забони англисӣ баргардонидаанд.

 

Китобҳои Динара Султанова дар журналҳои машҳури Америкоӣ чоп карда шуда, инчунин дар мамлакатҳои Британияи Кабир, Босния, Россия, Қазоқистон ва дигарон ҳам дарҷ гардидаанд.

25-августи соли 2017-ӯм бошад, Динара Султонова бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таҳти рақами 2723 бо нишони сарисинагӣ-ордени "Дӯстлик” мукофотонида шуданд.

 

Динара Султонова соҳиби чаҳор нафар фарзанд буда, зиёда аз 13-нафар набераҳоро бибии меҳрабону ғамхор буданд.

 

Имрӯз кори олимаро набераи якӯми дӯстдоштаашон дотсенти кафедраи назария ва амалиёти тарҷума Фирӯза Ҳалимова давом дода истодааст.

 

Динара Султонова бо шогирдашон Зилола Шукурова ва дигарон мақолаҳои пурмӯҳтавои бисёреро дар маҷаллаҳои машҳури дунё чоп кунонида, дар конференсияҳои байналхалқии ҷаҳонӣ иштирок кардаанд.

 

Номи неки устоди мӯҳтарам донишманд, олима, чашми кордон устои беҳамтои касби хеш-тарҷумони дараҷаи якӯми назми адибони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба забони англисӣ Динара Султанова ҳамеша дар қалби наздикон, шогирдон, самарқандиён ва ҳаводорони шеърҳои адибони Осиёи Марказӣ дар тарҷумаи олима ҳамеша дар қалбҳо абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий