» » » Истеҳсоли маводи маҳаллӣ зиёд мегардад


Истеҳсоли маводи маҳаллӣ зиёд мегардад


Солҳои охир дар ноҳияи Самарқанди вилоят миқдори корхона ва ташкилотҳо зиёд гардида, садҳо нафар шахс бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Сафи соҳибкору тадбиркорон афзуда, саҳми корхонаҳои истеҳсолӣ дар пешбурди иқтисодиёти мамлкат меафзояд.

Ҳамин тавр, чанде пеш намояндагони Васоити Ахбори Оммаи вилоят дар яке аз чунин корхонаҳо шуда, аз рафти кори он дидан карданд. Он заводи "Стеклопластик” буда, ҳоло бо иқтидори баланд кор карда истодааст.

 

Қобили зикр аст, ки дар заводи мазкури ноҳияи Самарқанд зиёда аз 170-нафар ҷавонон кор карда, соли гузашта ба маблағи 46 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсол карда шуд.

Маҳсулоти заводи мазкур ба иттиҳоди давлатҳои ҳамдӯстӣ аз қабили: Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон экспорт-содирот карда мешаванд.

 

Айни ҳол дар корхона таҷҳизотҳои тиббӣ, варзишӣ, мебелҳои хонишӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои автобуси истеҳсоли заводи "Man” ва "Самавто”-ву ғайраҳо истеҳсол карда шуда истодааст.

Дар заводи мазкур зиёда аз 600-номгӯи маҳсулот истеҳсол карда шуда, бозори маҳаллӣ бо маводи зарурӣ таъмин мегардад. Оянда маъмурияти корхона нақшаи зиёд намудани номгӯи маҳсулотро дошта, дар ин самт пайваста меҳнат карда истодаанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий