» » » Чанде пеш рӯзи байналмилали ҳамшираҳои тиб қайд карда шуд


Чанде пеш рӯзи байналмилали ҳамшираҳои тиб қайд карда шуд

Соли гузашта ҳангоми эълони пандемияи ҷаҳонӣ садҳо нафар ҳамшираҳои тиб дар паҳлӯи шифокорон истода, барои расонидани ёрии аввали таъҷилӣ ба сироятёфтагон беист меҳнат карданд.

Дар радифи чунин фидоиёни касби хеш метавон номи ҳамшираҳои тиби клиникаи рақами якӯми Донишкадаи давлатии тиби Самарқандро вирди забон кард. Зеро онҳо низ соли гузашта, дар баробари ҷонфидоёни дигари касби хеш, дар вилояти Самарқанд, баҳри нигаҳдории саломатии аҳолӣ нигоҳ накарда ба хавфи сироят аз коронавирус дар шифохонаҳои махсусгардонидашудаи вилоят, вазифаи худро софдилона иҷро карданд.

 

Ҳамин тавр, яке аз ҳамшираҳои пешқадами муассисаи тиби мазкур, яъне ҳамшираи калони шӯъбаи касалиҳои асаби бачагони клиникаи рақами якӯми институти тиби Самарқанд Ҳафиза Забиева, ки аз соли 1980-ӯм дар шифохонаи номбурда кор карда меоянд, ба муносибати рӯзи ҳамшираҳои тиб, ки чанде пеш қайд гардида буд, аз тарафи маъмурияти шифохонаи республикавӣ бо ташаккурнома тақдир гардонида шуд.

 

Дар баробари ҳамшираи калон бо нишонаҳои фахрӣ ҳамшираҳои тиби шӯъбаҳои физиотерапия, касалиҳои асаби бачагон, ҷарроҳӣ ва ғайра ба гирифтани ташаккурнома сазовор гардиданд.



Комментариев: 0
Добавить комментарий