» » » Пешниҳоди хониш дар даргоҳҳои олии давлатҳои ҳамдӯстӣ


Пешниҳоди хониш дар даргоҳҳои олии давлатҳои ҳамдӯстӣ


Хамткунандагони муассисаи таълими умумии рақами 11-и ш.Самарқанд бо сарварии муаллимаи фанни психология Ҳабиба Очилова барои интихоби хониши оянда дар таълимгоҳҳои олии давлатҳои ҳамдӯстӣ ба даргоҳҳои олӣ дар маркази ҷавонони ш.Самарқанд шуда, як-як аз имкониятҳои пешниҳодгардида шинос мешуданд.

Ирина Сергеевна Салунова ҷонишин проректори якӯми Униветситети технологии Россия буда, ҳини сӯҳбат гуфт, ки таи солҳои зиёд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти хониш дар таълигоҳҳои олӣ ҳамкорӣ дошта, имрӯз низ бо пешниҳоди ҷойҳои хонишии зиёд дар ҷумҳурии моянд.

Тибқи фикри ташкилотчиёни ярмарканамоиши байналмилалии таълимӣ ташкилу баргузории чунин чорабиниҳои муҳим ҳам барои ҷавонон ва ҳам барои шинос намудани хатмкунандагони мактабҳои умумтаълими миёнаи ватанӣ имконияти беҳтарини омӯзиши фанҳои дунёвӣ ва умуман ҷаҳондониву хониш дар таълимгоҳҳои олии бонуфузи дунёвист мебошад.

 

Дар баробари университетҳои маъруфи давлати Россия, инчунин пешниҳоди хониш аз таълимгоҳҳои олии республикаи Беларус, Қазоқистон, Британия Кабир, Шӯрои Аврупоӣ ва Сингапур ҳам аз дастури даргоҳҳои олӣ ҷой дошт.

 

Ярмаканамоиши таълимии байналмилалӣ дар шаҳрҳои Тошканд, Бухоро, Самарқанд, Ургенҷ, Фарғона гузаронида шуда истодаанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий