» » » 18-май рӯзи байналмилалии музей-осорхонаҳо


18-май рӯзи байналмилалии музей-осорхонаҳо


Имрӯз дар яке аз музей-осорхонаҳои калонтарини ш.Самарқанд- дар осорхонаи таърихи маданияти халқҳои Ӯзбекистон рӯзи байналмилалии музейҳо ба таври васеъ қайд карда шуд.

 

Дар чорабинӣ намояндагони ҷамоатии ш.Самарқанд, ходимони осорхонаҳои шаҳри бостонӣ, олимон, бостоншиносону шаҳрвандони фаъол, намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Даставвал сухан ба сармуҳофизи осорхона Маҳмудхон Юнусов дода шуд. Нотиқ дар баромади хеш дар бораи ҳифзу нигаҳдории осорхонаҳо дар Ӯзбекистон ва диққату эътибори махсуси ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати нигаҳдории боигарҳои бебаҳои халқамон-осорхонаҳо, ки ҳар як тавассути нигора-экспонатҳои нодир аз гузаштаи бойи сокинони ин сарзамини ҷаннатмакон нақлкунанадаанд, истода гузашт.

 

Ҳамин тавр, ба суханбаромадагон дар бораи бурда шудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва археологӣ, ҳамкорӣ бо даргоҳҳои оливу ҷалби хонандагон, талабагон ва умуман ҷавононро ба омӯзиши таърихи ниёгон ва дидану аз худ кардани нигораҳои нодири осорхонаҳои вилоят ва дигар масъалаҳи умдаи рӯз сухан карданд.

 

Баъд иштирокчиёни тадбир барои тамошои намоиши ”Ҷамъу башаклдарории аввалин колексияҳои музей” таклиф карда шуданд. Дар намоиш расмҳои гуногуни асри гузашта, ки дар бораи таърихи гузаштаи халқамон нақл мекунад, гузошта шуда буд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий