» » » Нигораҳои нодири осорхонаҳо нақлкунандаи таърихи халқи мо


Нигораҳои нодири осорхонаҳо нақлкунандаи таърихи халқи мо

Ба муносибати ҷашни 40-солагии ташкилёбии осорхонаи кишваршиносии Самарқанд, ки охири соли равон қайд карда мешавад, дар музейи номбурда чорабинии пурмӯҳтаво гузаронида шуд.

 

Дар оғоз роҳбари осорхона Худойқул Холматов ба сухан баромада, ходимону шаҳрвандони шаҳри бостониро бо рӯзи ходимони музей табрик намуд. Аз ҷумла ӯ қайд намуд, ки осорхонаҳо пайвандгари наслҳои гузашта, имрӯз ва фардоянд.

 

Сипас, сухан ба мудири шӯъбаи таърихи осорхона Ольга Фаттоева дода шуд. Ӯ дар бораи нигаҳдориву бозёфти экспонатҳои антик, бурда шудани корҳои тармимӣ дар осорхона ва доир ба шахсони ҷонфидои музей маълумоти васеъ расонид.

 

Комментариев: 0
Добавить комментарий