» » » Барои аҳолии чаҳор маҳаллаи калони ноҳияи Тайлоқ нуктаи нави тиббӣ омода карда мешавад


Барои аҳолии чаҳор маҳаллаи калони ноҳияи Тайлоқ нуктаи нави тиббӣ омода карда мешавад


Чанде пеш намояндагони Васоити Ахбори Оммаи вилоят дар ноҳияи Тайлоқи вилояти Самарқанд шуда, дар рафти пресс-тур сайёҳати матбуотӣ, бо шароити замонавии шифохонаи марказии серсоҳаи ноҳияи номбурда шинос шуданд.

 

Қобили зикр аст, ки шифохонаи марказии серсоҳаи ноҳияи Тайлоқ яке марказҳои калонтарини тиббии ноҳия ба ҳисоб рафта, чанде пеш дар муассиса барои ба роҳ мондани хизматрасонии тезу фаврӣ ба аҳолӣ ва ихтисоргардонии вақти кории ҳамшираҳои тиб системаи ягонаи интернетӣ ба роҳ монда шуд. Аз ин ҷо, бо ҷории технологияи рақамӣ кор дар иттиҳодияи тиббӣ ба таври дигар сурат мегирад.

 

Ҳамин тавр, баъди дидан кардани навгониҳои шифохонаи марказӣ мухбирон дар нуктаи тиббии шифокори оилавӣ шуда, аз шароит ва имкониятҳои манзили дар гӯшаи сарсабзу хуррами Тайлоқ ҷой гирифта, аз наздик ошно гаштанд.

 

Дар муассисаи тиббии мазкури ноҳияи Тайлоқ 14-хели хизмати физиотерапевтӣ ва 8-намуди физкултураи табобатӣ ба роҳ монда шудааст.

 

Бо ташаббус ва дастгирии маъмурияти шифохонаи марказӣ ва соҳибкорони ноҳияи Тайлоқ дар ҳавлии барҳаво, аниқтараш дар замини калони ин муассисаи тиббӣ яке аз растаниҳои шифобахш-павлония корида шуда, дар ояндаи наздик нияти истифодаи васеи онро доранд. Инчунин бо мақсади ташкил намудани фитобарҳои табобатӣ дар замини корами муассисаи тиббӣ гиёҳҳо-растаниҳои фоидабахши дигар аз қабили: годжа, артишок, чия ҳам кишт карда шудааст.

Ҳоло бошад дар утоқҳои табобатӣ ҷараёни муҷаҳҳазонӣ бо технологияҳои зарурии тиббӣ давом дорад.

 

Ёдрас мекунем, пресс-тури мазкур бо ташаббус ва дар ҳамкории ҳокимияти ноҳияи Тайлоқ ва Садорати вилоятии молияи вилояти Самарқанд ташкил карда шуд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий