» » » Чаро дар Самарқанд муаммоҳо бо оби нӯшокӣ вуҷуд дорад?


Чаро дар Самарқанд муаммоҳо бо оби нӯшокӣ вуҷуд дорад?

Ин рӯзҳо дар вилоят масъалаи норасоии оби нӯшокӣ дар радифи масоили умдаи рӯз истода, бо расидани рӯзҳои гарми тоқатфарсои тобистон он ба масъалаи муҳимтарин табдил ёфтааст. Аз ҳама зиёд истиқоматкунандагони хонаҳои серошиёна аз беобӣ дар азоб буда, ҳар қадар қабати зист боло бошад, ҳамон қадар обкашонӣ аз қабатҳои паст душвортар шудан мегирад.

 

Чанде пеш ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Самарқанд сув таъминот" норасоии оби нӯшокиро дар омадани хушксолӣ гӯён эзоҳ дод. Тибқи маълумоти корхонаи мазкур аҳолии шаҳри Самарқанд аз ҳисоби обҳои захиравии корхонаҳои хоҷагиҳои обанборӣ бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешуд. Азбаски аз сабаби кам боридани борон ҳоло дараҷаи об дар дарёи Зарафшон ҳам шудааст, норасоии об нафақат дар шаҳр, балки дар ноҳияҳои дигари вилоят ҳам ба назар мерасад.

 


Комментариев: 0
Добавить комментарий