» » » Баргузории даври вилоятии озмун-азназаргузаронии “Иқтидоратро намоиш бидеҳ!”


Баргузории даври вилоятии озмун-азназаргузаронии “Иқтидоратро намоиш бидеҳ!”


Байни хонандагони синфҳои 7-9-ӯми мактабҳои умумтаълими вилояти Самарқанд дар мактаби бачагони вилоятии "Авлоди баркамол”-и шаҳр даври вилоятии озмун-азназаргузаронии "Иқтидоратро намоиш бидеҳ!” бо ташаббуси прокуратураи вилоятӣ, садорати таълими халқи вилоят ва иттиҳодияи иттифоқи касабаи Самарқанд, агентии иттифоқи ҷавонон, садорати молия гузаронида шуд.

 

Чорабинии мазкур бо мақсади босамар гузаронидани вақти холии наврасон, ҷавонон, талабагон ва баланд бардоштани шавқи онҳо нисбати китобхониву илмомӯзӣ, ташаккул додани итоат ба қонунҳои давлатӣ, аз наздик шинос намудан бо мероси ғании гузаштагону таърихи халқамон, муайян намудани мавқеи худ дар ҷамъият, рушди қобилияти бачагони тарбияи вазнин дошта ва ғайра гузаронида шуд.

 

Дар хотимаи озмун-азназаргузаронӣ ба талабагони беҳтарин ва боиқтидор тӯҳфаҳои пурарзиш тақдим карда шуда зикр гардид, ки минбаъд чунин озмунҳо дар миқёси вилоят бисёртар гузаронида мешаванд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий