» » » Ҳаваскорон ва санъаткорони ноҳияи Тайлоқ минбаъд дар бинои нав эҷодиёти хешро давом хоҳанд дод


Ҳаваскорон ва санъаткорони ноҳияи Тайлоқ минбаъд дар бинои нав эҷодиёти хешро давом хоҳанд дод


Таи солҳои охир Самарқанди бостонӣ куллан дигар гашта, дар тамоми ҷонибҳои вилоят корҳои ободонӣ, реконструксионӣ ва аз нав таъмиркунӣ бурда шуда истодаанд. Ҳамин тавр, дар самтҳои гуногуни хоҷагӣ дар яке аз ноҳияҳои ба марказ наздики шаҳри куҳан, Тайлоқ, чунин корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ бо авҷ ба пеш меравад.

 

Аз ин рӯ, дар рафти пресс-туре, ки чанде пеш ба ноҳияи Тайлоқи вилояти Самарқанд ташкил карда шуд, намояндагони Васоити Ахбори Оммавии вилоят иштирок дошта, бинои навтаъмири маркази маданияти ноҳияро дидан карданд. Мухбирон инчунин дар рафти консерти гурӯҳи тарғиботии бо иштироки санъаткорон ва актёрони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкилкарда шуда, иштирок намуданд.

Дар қисми даромадгоҳи маскани маърифӣ намоиши маҳсули дастони маҳфилҳои гуногуни талабагони мактабҳои ноҳия ба диққати ҳозирин ҳавола карда шуда буд.

 

Тадбир бо ташаббуси ҳокимияти ноҳияи Тайлоқ ва маъмурияти маркази маданият барои оилаҳои камбизоат ва фаъолони меҳнат ташкил карда шуда, бо иштироки фаъоли бонувон ва сокинони маҳаллаҳои атрофи маркази номбурда баргузор гардид.

 

Дар назар дошта шудааст, ки минбаъд дар ин маркази навбунёди маданият чунин чорабиниҳои пурмӯҳтавои маданӣ-маърифӣ ба таври мунтазам ташкил карда мешавад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий