» » » 1-УМИ ИЮН – РӮЗИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН


1-УМИ ИЮН – РӮЗИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН


Дар боғи марказӣ-истироҳатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд бахшида ба рӯзи байналхалқии ҳимояи кӯдакон бо ташаббуси садорати таълими халқи вилоят ва шаҳр чорабиниҳои пурмӯҳтаво, барномаҳои дилхушиву фароғатӣ, намоишгоҳҳо, бозиҳои шоҳмоту шашка, баромади варзишгарон, дастаҳои ҳаваскорон ва ансамблҳои кӯдакон ташкил карда шуд.

 

Дар Самарқанди бостонӣ бошад, тантанаҳо то дер давом карда, ба бисёре аз иштирокчиёни ин иди хуррамӣ тӯҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд. Аз ин рӯ, дар ин рӯзи фархунда ҳамаи кӯдакони ҷаҳонро бо Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаашон осмони софу беғубор, хушбахтӣ ва саломатӣ хоҳонем.

Комментариев: 0
Добавить комментарий