» » » Баргузории бозиҳои шавқовари клуби ҳозирҷавобон


Баргузории бозиҳои шавқовари клуби ҳозирҷавобон

Худи ҳамин рӯз дар ҳошияи фестивали ҷавонон дар маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд озмун-бозиҳои шавқовари клуби ҳозирҷавобон баргузор гардид.

 

Дар он аз 8 даргоҳҳои олии вилояти донишҷӯён иштирок карда, дар асоси шарти "Ҷавонони нав бо хандаҳои нав” байни ҳамдигар қувваозмоӣ намуданд.

 

Бахусус баромади талабагони институти иқтисдиёт ва сервиси Самарқанд, филиали самарқандии Университети технологияҳои ахборотии Тошканд, Донишгоҳи Давлатии Самарқанд ба номи А.Навоӣ хеле шавқовартару бетакрор буда, талабагон дар мавзӯъҳои гуногун назди ҳакамон ва ҳамсолони хеш баромад карданд.

 

Дар хотима ба ҷавонон, талабагон-иштирокчиёни фаъол тӯҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.

 


Комментариев: 0
Добавить комментарий