» » » Оё ҳамаи маҳаллаҳои шаҳри самарқанд соли равон пурра бо гази табиӣ таъмин карда мешаванд ё не?


Оё ҳамаи маҳаллаҳои шаҳри самарқанд соли равон пурра бо гази табиӣ таъмин карда мешаванд ё не?


Нигоҳ накарда ба он, ки се сол муқаддам ба маҳаллаи С.Айнии шаҳри Самарқанд қубурҳои гази табиӣ пайваст карда шудаанд, вале дар фасли зимистон додани гази табиӣ дар ин ҳудуди шаҳр паст мешавад.

 

Аз ин рӯ, ин масъала барои аҳолӣ муаммои калон гаштааст...

 

Бо сабаби паст гаштани гази табиӣ дар хонаҳои серошёна ва кор накардани системаи гармидиҳӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин масъала хеле зиёд муҳокима карда мешавад.

 

Аз ин рӯ, саволе ба миён меояд аз тарафи филиали "Ҳудудгазтаъминот” баҳри рафъи ин масъала чӣ гуна чораҳо андешида шуда истодаанд? Оё қубурҳои гази табиие, ки асри гузашта пайваст карда шудаанд, солщои охир иваз карда шудаанд ё не? Агар иваз карда шуда бошанд барои он чӣ қадар маблағ сарф карда шудааст? Бо чунин саволҳо гурӯҳи эҷодии мо ба роҳбари шӯъбаи таъмириву сохтмонӣ муроҷиат намуда ҷавоб гирифт.

 

Ҳамин тавр, тибқи маълумотҳо агар таъмини аҳолиро бо гази табиӣ солҳои 60-ӯми асри гузашта, оғоз гардида бошад, ҳалли ин масоил солҳои 2020-2021-ӯм давоми худро ёфта ва ба самти мазкур маблағи зиёд ҷудо карда шудааст...

 

...Ба ғайр аз ин, дар буриши кӯчаҳои Амир Темур ва Гагарин, кӯчаи ба номи Фирдавсӣ қубурҳои Д-325 ммл бо дарозии 5 км гузошта шуда истодааст...

Комментариев: 0
Добавить комментарий