» » » “Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад”-ҳалли муаммоҳо дар конфронси матбуотӣ бо иштироки се нафар ҳокимони ноҳияи Самарқанд


“Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад”-ҳалли муаммоҳо дар конфронси матбуотӣ бо иштироки се нафар ҳокимони ноҳияи Самарқанд


Ҳокимони ноҳияҳои Самарқанд, Булунғур ва Ҷомбой ба саволҳои муҳими журналистон оид ба корҳои амалигаштаи соли равон дар анҷумани матбуотӣ ҷавоб доданд.

 

Ҳамин тавр, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагонии оилаҳои камбизоат дар ноҳияи Булунғур ба аъзоёни оилаҳои камтаъмин 104 то асбоби дарздӯзӣ, 49 то печка, 22 то молосикл ва 4 то роҳаткурсӣ барои тарроҳиву 2 дона ноутбук тақдим карда шуд.

 

-"Албатта, бо додани чунин ёрӣ қисми оилаҳои камбизоати ҷомеаро наметавон аз ҳолати камбағалӣ баровард, мо ба ин масъала бояд дар маҷмӯъ назар кунем. Дар муносибат ба ҷавонон ҳам назари мо чунин аст, мехоҳем ба онҳо каме бошад замин ҷудо кунем. Ин ҷо мо, ҳам имконият ва ҳам таъминот бо ашёи хому маҳсулот ва харидоронро ба инобат гирем”-гуфт ҳокими ноҳияи Булунғур Баҳодур Баҳромов.

 

Дар рафти сӯҳбат ҳокими ноҳияи Самарқанд Носир Мавлонов гуфт, ки ноҳияи номбурда бо хоҷагиҳои фермерии худ ва инсонҳои меҳнатқаринаш маблағи калонро ба даст медароранд. Ин гуна соҳибкоронро мо ба оилаҳои камбизоат ва ба ашхоси ба "дафтари оҳанин” ва ё ба "дафтари занҳо” дохил кардашуда мутасаддӣ намуда, мехоҳем бо ин роҳ дасти ёрӣ дароз кунем. Бояд қайд намуд, ки бе ёрии моддӣ ва таҷҳизоти зарурӣ аҳолии мӯҳтоҷи ёрӣ мустаъқилона наметавонанд, кори худро оғоз намоянд.

 

Ҳокими ноҳияи Ҷомбой Қаюм Собиров бошад, гуфт, ки нигоҳ накарда ба он, ки дар ноҳия алҳол 11 то ҳудудҳои иқтисодии хурд амал мекунанд, тамоми аҳолиро бо кор дар ин корхонаҳо наметавон ҷалбу таъмин кард. Одамонро ба тадбиркорӣ, соҳиби кори худ шудан бояд омӯзонд ва роҳнамо шуд. Тибқи фикри ҳоким дар назди бонкҳои ҳудудӣ "Фабрикаи ғояҳо” ташкил дода шудаанд. Он ҷо, хоҳишмандон метавонанд барои хеш кори мувофиқро ёбанд омӯзанду ба пеш баранд.

Ҳамин тавр, дар рафти анҷумани матбуотӣ мухбирон ва жураналистон ба саволҳои муҳими рӯз ҷавобҳои аниқ ва мушаххас гирифтанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий