» » » Ташкили саёҳати матбуотӣ ба “Оқбуйро гарден”-и ноҳияи Самарқанд Боғи дилкушои кӯҳистон


Ташкили саёҳати матбуотӣ ба “Оқбуйро гарден”-и ноҳияи Самарқанд Боғи дилкушои кӯҳистон


Рӯз то рӯз дар Самарқанди куҳан манзилҳои истироҳативу фароғатӣ зиёд гашта, барои ҷалби диққати сайёҳони ҳам дохиливу ва ҳам хориҷӣ корҳои амалии зиёд иҷро мегарданд.

 

Ҳангоми наздик гаштан ба ин маскани обод, ки аз дуриҳои шаҳр ба назар мерасад ва дар ин рӯзҳои гарми тоқатфарсои тобистона ба машом бӯйи гулу райҳон расида, шамоли салқин диққати касро ба худ ҷалб мекунад.

 

Ҳамин тавр, дирӯз бо ташаббуси ҳокимияти ноҳияи Самарқанд ва хизмати ахборотии ноҳия ба яке аз гӯшаҳои сарсабзу хуррами вилоят "Оқбуйро гарден” саёҳати матбуотӣ ташкил карда шуд.

 

Тибқи маълумоти дастрас гардида, моҳи октябри соли 2020-ӯм маскани экотуристии "Оқбуйро гарден” кори худро оғоз намуда, имрӯз он ба як гӯшаи истироҳатии барҳаво табдил дода шудааст.

 

Дар рафти дидан кардани ин иншооти навбунёди кӯҳистонӣ намояндагони хизмати ахборотӣ ва ҳокимияти ноҳияи Самарқанд дар бораи растаниҳову олами ҳайвоноту набоботи мавзеъ ба ходимони ВАО маълумоти васеъ расониданд.

 

Қайд гардид, ки минбаъд баъди беҳ гардидани вазъияти пандемияи ҷаҳонӣ ба ин гӯшаи зебо ва шинам, албатта, сайёҳони хориҷ низ ҷалб карда мешаванд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий