» » » Бурда шудани корҳои реконструксионй ва сохтмонй дар сиҳатгоҳи “Оҳалик”-и ноҳияи Самарқанд


Бурда шудани корҳои реконструксионй ва сохтмонй дар сиҳатгоҳи “Оҳалик”-и ноҳияи Самарқанд

Сиҳатгоҳ дар шӯрои шаҳрвандони деҳаи "Оҳалик”-и ноҳияи Самарқанд ҷой гирифта, барои пешгирии гирифтории бемории сил махсусгардонида шуда, солҳои 1927-ӯми асри гузашта сохта шудааст.

Сиҳатгоҳи мазкур солҳои баъди ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ пурра фаъолияти хешро давом дода, ҳазорон нафар бачаякон дар ин маскани шифоӣ муолиҷа гирифта меоянд.

 

Корҳои реконструксионӣ ва сохтмонӣ бошад, ҳангоми хона ба хона гаштан ва ҳангоми дидан кардани иншоотҳои ҳудудҳои дурдасти вилоятро соли 2018-ӯм аз тарафи мутахассисон ва мудири "Қабулхонаи халқ”-и Президенти ноҳияи Самарқанд оғоз карда шуд.

 

Баъди таҳлили ҳолати пешина ва кӯҳна будани биноҳои қариб як асринаи сиҳатгоҳ мудири "Қабулхонаи халқ”-и ноҳияи Самарқанд ба ҳокимияти вилоят ва ноҳия тақдимнома оид ба бурдани корҳои таъмириву сохтмониро пешниҳод кард.

 

Тибқи фикри саршифокори сиҳатгоҳи "Оҳалик”-и ноҳияи Самарқанд Ҷамила Равшанова, бурда шудани корҳои азнавтаъмиркунӣ ва бунёдкорӣ баҳри сиҳатгардонӣ ва пешгирии касалии сил ва умуман солимгардонии бачаҳо, аҳамияти калон дорад.



Комментариев: 0
Добавить комментарий