» » » Вазъи сирояти коронавирус дар Самарқанд чӣ гуна аст?


Вазъи сирояти коронавирус дар Самарқанд чӣ гуна аст?


Дар ҳолати давомнокии пандемияи ҷаҳонӣ, ки мана зиёда аз як сол мешавад ва гузаштани вақт, мо одамон дар фикри дур гаштан аз сироятем. Аксари аз мардум ҳатто фикр доранд, ки умуман сирояти коронавирус вуҷуд надорад.

 

Аммо такя бамаълумотҳои статистикӣ-омории вилоятӣ дар моҳи июли соли равон нисбати моҳи январи сари сол нишондиҳандаи гирифторони коронавирус хеле баланд гаштаанд.

 

Тибқи маълумоти азмаъмурияти садорати саломатии ҷамоатӣ ва осоиштагии санитарӣ-эпидемиологии вилоят гирифта шуда, агар моҳи январи соли 2021-ӯм 98 ҳолати сироят аз коронавирус бақайд гирифта шуда бошад, то моҳи марти соли равон ин нишондиҳанда ба77 ҳолат расида буд. Айни ҳол бошад, миқдори гирифторон ба коронавирус дар вилоят ба 1450 ҳолат ва ҳатто аз он ҳам зиёд расидааст...

 

...Ҳамин тавр, ходимони соҳаи тандурустӣ аз аҳолии республика, шаҳру вилоят ва деҳаҳои дурдаст илтимос доранд, ки дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоб нагарданд ва ҳаёти худу атрофиён, аъзоёни оилаҳои худро зери хатар нагузоранд.

 

Зеро коронавирус то ҳол аз байн нарафтааст, аз ин рӯ мо бояд эҳтиёт бошем!

Комментариев: 0
Добавить комментарий