» » » Дода шудани замин ба ҷавонон...


Дода шудани замин ба ҷавонон...


Бо мақсади ташкили кори сарҷамъонаи соҳибкорон дар ноҳияи Самарқанд хоҷагиҳои фермерии ноҳия ба агрофирмаҳои алоҳида ҷудо карда шуда, дар ҳар як агрофирма раисон кор мебаранд.

 

Дар агрофирмаи "Наврӯз”-и ноҳияи Самарқанд 37 хоҷагии фермерӣ ва дуто ҶДММ амал карда, ҷамъи майдони ҳосил 600 гектарро ташкил медиҳад. 205 гектари он токзор мебошад.

 

Барои дастгирии ҷавонони бекор ва бепарастормондаву аз оилаҳои камбизоати нӯҳ маҳаллаи атроф, агрофирмаи "Наврӯз”-и ноҳияи Самарқанд дар асоси қарори махсуси Президенти мамлакат аз ҳисоби хоҷагӣ, замин тақсим карда дод.

 

Ҳамин тавр, ба 172-нафар ҷавонони мӯҳтоҷи ёрии оилаҳои камтаъмин ва муваққатан бекормонда, 30 холӣ замин дода шуд.

 

Оянда масъулини ҳокимияти ноҳияи Самарқанд ҷалби бисёри ҷавононро ба кори хоҷагӣ ва таъмини онҳоро бо замин дар назди худ мақсад гузошта, аз паи иҷрои ин вазифаи муҳиманд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий