» » » Дӯстиро ҷӯстуҷӯ дорем мо


Дӯстиро ҷӯстуҷӯ дорем мо

Маълуматон, ки ҳар сол охири моҳи июл дар мамлакати мо тадбирҳо бахшида ба рӯзи дӯстӣ таҳти шиори "Ӯзбекистон хонаи умумии мо” гузаронида мешавад.

 

Аз ин рӯ, дирӯз дар яке аз боғҳои сарсабзу хуррами Самарқанд "Боғи шамол Гарден” бо иштироки вакилони марказҳои миллиӣ-мадании Самарқанд тадбир, озмун-азназаргузаронии"Таоми миллии беҳтарину хушхӯртарин” ташкил карда шуд.

 

Вакилони миллати арабҳо, озариву туркҳову немисҳо ва чанде дигарон кӯшиш намуданд, аз таомҳои хӯшхӯри миллии хеш беҳтаринҳоро тайёр намоянд.

 

Тамошобинони мӯҳтарам, рӯзҳои наздик тавассути барномаи адабӣ-мусиқӣ-маданӣ маърифии "Шоми Самарқанд” аз рафти пурраи таомпазии вакилони миллатҳои сершумори вилояти Самарқанд метавонед дидан карда, маълумоти васеъ гиред.

 

Комментариев: 0
Добавить комментарий