» » » Баргузории конференсияи байналмилалии “имом абу мансур мотрудй ва таълимоти мотрудия: гузашта ва имрӮз” дар Самарқанд


Баргузории конференсияи байналмилалии “имом абу мансур мотрудй ва таълимоти мотрудия: гузашта ва имрӮз” дар Самарқанд

Дар "Қасри форумҳо”-и шаҳри Самарқанд конференсияи байналмилалии "Имом Абу Мансур Мотрудӣ ва таълимоти Мотрудия: гузашта ва имрӯз” баргузор гардид.

 


 

Конференсияро баъди шунавонидани тиловати қуръон бо суханони муқаддимавӣ ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов оғоз намуда, иштирокчиёнро дар Ӯзбекистон хайрамақдам гуфт.

 

Сипас, ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ба сухан баромада, дар бораи аҳамияти чорабинии мазкур ҳарф зада гуфт, ки тадқиқи ҳаёт ва мероси ғании мутафаккири бузург  Имом Абу Мансур Мотрудӣ дар омӯзишу талқини дурусти дини ислом ва мероси бойи нобиғаи шарқ, нигаҳдории сулҳу салоҳ дар ҳудуд, тарбияи ҷавононро дар руҳияи ватанпарварӣ, ҳурмат ба қадриятҳои миллӣ ва ғайраҳо аҳамияти калон дорад.

 

Ҳокими шаҳри Самарқанд Бобурмирзо Облоқулов меҳмонони олимартабро ба замини бузургон-Самарқанди куҳан хайрамақдам гуфта, қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи "Ба сифати шаҳрванди фахрии Самарқанд” қабул карда шудани роҳбари маҷмӯаи "Ал-Азҳар”Саримоми Миср Шайх Аҳмад Таййибро хонда дод ва ҳуҷҷатҳои марбут бо ин маросимро бо тӯҳфаҳои пурқиммат тақдим намуд.

 

Маслиҳатчии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, профессор Рустам Қосимов дар бораи ислоҳотҳои солҳои охир дар соҳаи дин баромад карда, оиди дар Ӯзбекистон ташкил карда шудани марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз ҷумла маркази илмӣ-тадқиқотии Имом Ал Бухорӣ дар Самарқанд, ташкили марказҳои дигари илмӣ-тадқиқотӣ дар Бухорову Тошкандшаҳр ва ғайраҳо  ба ҳозирин маълумоти васеъ расонид.

 

Муфтӣ, раиси идораи мусулмонони Ӯзбекистон Усмонхон Алимов ҳам ба сухан баромада, дар бораи таърихи бунёди ёдгории Мотрудӣ ва аҳамияти омӯзиши мероси ӯ ҳарф зад.

Дар конференсия мазкур, ки Ӯзбекистон ба сифати мизбон аст, меҳмонон аз мамлкатҳои Миср, Британияи Кабир, Босния ва Герцеговина, Индонезия, Германия, Қирғизистон, Қазоқистон, Россия, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Туркия, Ливан, Мавритания, Тунис, Арабистони Саудӣ, Марокаш, Покистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷазоир, Украина, Иордания,Малайзия, Нигерия иштирок карда истодаанд.

 

Ёдрас мекунем конференсияи мазкур  дар Самарқанд то санаи 5-ӯми март давом хоҳад кард.

Аз рафти конференсияи номбурда мо дар гузоришҳои минбаъда маълумот хоҳем дод.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий