» » » Саҳми деҳқонони Самарқанд дар барқарории иқтисодиёти мамлакат


Саҳми деҳқонони Самарқанд дар барқарории иқтисодиёти мамлакат

Дар шаш моҳи охири соли равон деҳқонони хоҷагии фермерии "Аъзам Азамат Агро"-и ноҳияи Самарқанд зиёда аз 200-тонна маҳсулоти босифати хоҷагии қишлоқ ва мурғи парҳезиву шири босифатро ба бозори дохилӣ бароварда, ба маблағи 300 ҳазор доллари америкоӣ ба давлати Россия маҳсулоти барзиёдро экспорт карданд.

 


Дар шароити имрӯзи пандемияи ҷаҳонӣ дар майдонҳои ҳосили хоҷагиҳои фермерии вилоят кор дар авҷ буда, техника ҳамеша кори деҳқононро осон мегардонад.

 

Ҳосили ғунучингардида, аввало ба бозори дохилӣ баъдан ба мамлакатҳои ҳамдустӣ фиристода мешавад.

 

Ҳамин тавр, нигоҳ накарда ба номусоид омадани обу ҳавои имсола, хоҷагидорон кӯшиш карданд, ки аз майдонҳои зархези замини босаховати Самарқанд меваву сабзавоти зиёд гирифта, бозорҳои шаҳри куҳанро пур аз маҳсулотҳои хушсифати хоҷагии қишлоқ гардонанд.

 

Хоҷагии фермерии  "Аъзам Азамат Агро"-и ноҳияи Самарқанд дар 20 гектар замин соли 2006-ӯм бо шаш нафар коргар  корро оғоз намуда, асосан ба давлат ғалла ва сабзавот месупорид.

 

Ҳамин тавр, дар тӯли 14-соли фаъолият бо истифода аз имкониятҳое, ки ҳукумату давлати мо ба фермерону соҳибкорон додааст, хоҷагии номбурда ба хоҷагии серсоҳа табдил ёфт.

Ҳоло бошад, дар баробари ғаллакориву сабзавоткорӣ дар хоҷагии фермерӣ чороводориву мурғпарварӣ ҳам ба роҳ монда шуда, боғҳои калони ангур, себ, шафтолу, намудҳои зиёди олу, гелос ташкил карда шудааст.

 

Системаи замонавии обёрии интенсивӣ бошад, барои гирифтани ҳосили баланд ёрӣ мерасонад.

Тибқи фикри раиси хоҷагии фермерӣ Аҳмадҷон Султонов чанде пеш барои дар фасли зимистон ҳам таъмин намудани бозорҳои шаҳрро бо маҳсулоти хушсифати арзон яхдонҳо сохта шуда, ҳосили ҷамъгашта, дар яхдонҳо ҳамчун захира нигоҳ дошта мешавад.

 

Имрӯз бошад, баъди ҷамъи ҳосили якӯм деҳқонони хоҷагӣ ба кишти дуввуми мавсим заминҳоро тайёр карда, аллакай, картошкаву дигар намудаи махсулотҳои хоҷагии қишлоқро кишт карда истодаанд.

 

Ҳоло дар шароити карантин риоя ба қоидаҳои мавҷуда, деҳқонон барои ҷамъи ҳосили фаровон барои нимсолаи дуввум камари ҳимматро сахт бастаанд. Қобили зикр аст, ки ҳосили барзиёдро барои экспорт ба давлатҳои ҳамсоя ва федератсияи Россия низ тайёр мекунанд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий