» » » Кай ба мактабҳои умумтаълими шаҳри Самарқанд китобҳои дарсӣ дода мешавад


Кай ба мактабҳои умумтаълими шаҳри Самарқанд китобҳои дарсӣ дода мешавад

Барои соли хониши 2020-2021-ӯм барои мактабҳои умумтаълими вилоят дар асоси талабнома 3 292 870 дона китобҳои дарсии фаннӣ дода мешавад.

 


Соли равон бо сабаби пандемияи ҷаҳонӣ дар асоси қарори Вазорати таълими халқи республика ағоз аз санаи 15-август аз мактаббачаҳо китобҳои дарсии фаннӣ ҷамъ карда гирифта шуда, моҳи сентябр китобҳои нави дарсӣ дода мешавад.

 

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти хизмати ахборотии садорати таълими халқи вилоят китобҳои дарсии барои синфҳои 4-5-ӯм пурра нав карда шуда, бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои синфҳои 1-9-ӯм фанни нави "Тарбия" ҷорӣ карда мешавад.

 

Ҳамин тавр, дар муассисаи умумтаълими рақами 12-и шаҳри Самарқанд ҳамагӣ 970-нафар хонандагон таҳсил гирифта, маъмурияти мактаб барои таъмини талабагонро бо китобҳои дарсӣ ба шӯъбаи таълими халқи шаҳри Самарқанд талабнома дода, рӯзҳои наздик хонандагонро бо маводи таҳсилӣ таъмин менамоянд.

 

Дар дигар мактабҳои миёнаи шаҳри Самарқанд ҳам ин ҷараён давом дорад.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий