» » » Истиқболи Истиқлоли Ватани маҳбуб дар маҳаллаи “Бунёдкор”-и ш.Самарқанд


Истиқболи Истиқлоли Ватани маҳбуб дар маҳаллаи “Бунёдкор”-и ш.Самарқанд

Таи солҳои охир чун дар дигар ҳудудҳои дурдасти республика, дар вилояти Самарқанд ҳам корҳои азими сохтмонӣ, азнавбарқароркунӣ ва реконструксионӣ бурда шуда, кӯчаҳои зиёди дохили маҳаллаҳо, ноҳияҳову шаҳри бостонӣ, ободу таъмир карда шуда, биноҳои азими замонавӣ паи ҳам дар ҷонибҳои гуногуни шаҳри бостонӣ қад боло мекунанд. Боғчаву мактабҳои умумтаълимиву биноҳои маъмурӣ, стадиону иншоотҳои нави хизмати маишӣ ва ғайраҳо бунёд мегарданд.



 

Ҳамин тавр, чанде пеш кӯчаи "Гулобод”-и шаҳри Самарқанд пурра аз нав таъмир карда шуда, дар маҳаллаҳои шафати роҳи калони нақлиётӣ воқеъ буда, ҳам корҳои реконструксионӣ бурда шуданд.

 

Дар баробари ин корҳо, дар 13-кӯчаи маҳаллаи "Бунёдкор”-и шаҳриСамарқанд низ корҳои ободонӣ бурда шуда, роҳҳо мумфарш-асфалтпӯш карда шуданд, дарахтони манзаравӣ кишт карда шуда, атроф сарсабзу хуррам гардонида шуд.

 

Ин рӯзҳо, ки тамоми халқи мо иди озодиву ободии Ватани маҳбуб Ӯзбекистони азизро мегузаронад, ҷашни 29-ӯмин солгарди Истиқлоли ҷумҳурӣ аз тарафи сокинони маҳалла бо комёбиҳои назаррас пешвоз гирифта шуд.

 

Қобили зикр аст, ки масъулини маҳаллаи "Бунёдкор”, ҳам ба тариқи ҳашар ва ҳам бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии ҳокимияти шаҳри Самарқанд 600 метри роҳҳои дохилиро таъмиру тармим карда, кӯчаҳои мавзеъро тарҳи нав бахшиданд.

 

Дар рафти ин корҳо саҳми истиқоматкунандагони маҳаллаи "Бунёдкор”-и ш.Самарқанд хеле калон буда, онҳо оянда ният доранд, барои нигаҳдории тинҷиву осудагӣ дар маҳаллаашон камераҳои назоратӣ гузошта, ба оилаҳои камтаъмину яккамондагон ёрии амалӣ расонанд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий